Дар Туркманистон коронавирус нест, вале Бердимуҳаммедов мехоҳад ҳама эм шаванд

Туркманистон чанде пеш ваксинаи сохти русиро сабти ном кард. Агарчӣ дар ин кишвар гӯё ин беморӣ вуҷуд надорад, вале роҳбари давлаташон супориш дод, ки эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус шурӯъ шавад

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Кишвардори Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов супориш додааст, ки ҳамаи шаҳрвандон алайҳи маризии коронавирус эм гиранд, хабар медиҳад рӯзномаи "Туркменистан. Золотой век".

Прохожие на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Туркманистон: коронавирус нест, аммо мардумро ба пӯшидани ниқоб муваззаф мекунанд

Супориши раисҷумҳури Туркманистон дар ҳолест, ки дар қаламрави ин кишвар то ҳол ягон мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Зимнан, Туркманистон чанд рӯз пеш ваксинаи сохти русӣ "Спутник V" - ро сабти ном кард.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммедов ҳамчунин ба масъулони Вазорати беҳдошт супориш додааст, ки дар мавсими баҳор низ чораҳои пешгирикунанда аз ин маризиро тақвият диҳанд ва нагузорнд, ки ин вирус вориди ҷумҳурӣ шавад.

Ӯ махсусан қайд намудааст, ки рафтуомади донишҷӯёну нафароне, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд ҷиддан назорат шавад.

Аз СУТ наметарсем: Туркманистон боз гуфт, ки дар кишвар коронавирус нест

Кишвардори Туркманистон Вазорати тандурустиро муваззаф намуд, ки бақайдгирии доруҳо ва ваксинаҳоро, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт тасдиқ кардааст, идома диҳад.

Вай дастур дод, ки риояи чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла пӯшидани ниқобро шадидан назорат кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала