Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Юлдуз Усмонова дар Ӯзбекистон консерт баргузор мекунад: нахустин бор пас аз пандемия

Овозхони саршиноси Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад, аз консерти қарибулвуқӯи худ хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Маҳдудиятҳое, ки дар робита ба коронавирус дар Ӯзбекистон ҷорӣ ҳастанд, акнун бо маром сабуктар карда мешаванд.

Юлдуз Усмонова дар бораи консерташ дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Мо дар хона меистем: Юлдуз Усмонова ҳангоми карантин онлайн консерт дод

Бо бардоштани беъзе маҳдудиятҳо дар ин кишвар, нахустин шуда Юлдуз Усмонова аз тасмим худ дар робита ба баргузор кардани консерти калон хабар дод.

Сарояндаи машҳур дар ин бора дар сафҳаи Инстаграми худ хабар дода, изҳор намуд, ки ин нахустин консерт пас аз пандемия хоҳад буд.

"Мо маҷлиси калон доир намудем ва тасмим гирифтем, ки барои мухлисони худ як консерт бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштиву санитарӣ баргузор кунем. Дар толор бояд миёни ҳар як меҳмон як мизи холӣ нигоҳ дошта шавад", - шарҳ додааст Усмонова.

Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳое, ки соли гузашта ҳаводорони ӯ харидорӣ намуданд, вале аз сабаби пандемия барномаи консертӣ лағв карда шуд, то ҳол эътибори худро гум накарданд.

Бароед аз ин ҷо: Ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова зани кӯдакдорро аз толори консерт ронд

Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон сар аз 28 январ баргузории барномаҳои консертӣ иҷозат дода шуд. Тибқи муқарароти нав,толори консертҳо бояд танҳо 50 дарсад аз тамошобинон пур бошаду халос. 

Дигар ин ки, риоя кардани тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳамоно ҷиддан талаб ва назорат карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала