Бо дастури Раҳмон: табибон барои табобати зарардидагони таркиш ба Панҷакент рафтанд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом.
Глава  Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом. - Sputnik Тоҷикистон
Барои табобати осебдидагони таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Панҷакент бо дастури президент табибон аз пойтахт ва вилояти Суғд рафтаанд

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат намудааст.

Приветственный стенд в городе Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи КҲФ дар бораи инфиҷори ошхонаи "Самарқанд"-и Панҷакент: 23 нафар ҷароҳат бардошт

Тибқи иттилои манбаъ, масъулини шаҳри Панҷакен ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни замон вазъи беморон қаноатбахш буда, кормандони соҳаи тиб барои барқарорсозии саломатии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

“Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли беморон хабар гирифта, бо пайвандону наздикони онҳо суҳбат орост. Таъкид гардид, ки барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта беҳтарин мутахассисон сафарбар шуда, барои табобати беморон кӯмак расонида мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 январи соли равон дар чойхонаи “Самарқанд”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157 бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омад, ки дар натиҷа 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Сокинон сари вақт ба беморхонаи марказии шаҳр оварда шуда, зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, худи ҳамон рӯз бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои роҳбарияти вилоят 8 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои табобати ҷароҳатёфтагон ба шаҳри Панҷакент сафарбар карда шуданд.

Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон
Кумита ду инфиҷор дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод: аз баллони газ набуд

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар низ гуфт, бар асари таркиши баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 15 нафар зан ва 8 нафари дигар мардон ҷароҳат бардоштанд.
Манбаъ гуфт, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин гузориш шудааст.

"Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд",-афзудааст манбаъ.

Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала