Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20210129/tojikiston-vaksina-1032721768.html
Вазири тандурустӣ гуфт, 1,8 миллион тоҷикистонӣ ваксина мегиранд
Вазири тандурустӣ гуфт, 1,8 миллион тоҷикистонӣ ваксина мегиранд
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли равон бояд 20 дарсади аҳолии кишвар ваксина алайҳи коронавирус... 29.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-29T18:50+0500
2021-01-29T18:50+0500
2021-04-10T18:12+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711787_0:0:3076:1739_1920x0_80_0_0_24bebd2c994b754b68cda285031b5678.jpg
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711787_0:0:3076:1933_1920x0_80_0_0_036b921b5d9b83d24f071557bf69bcbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, ҳамаи хабарҳо
Вазири тандурустӣ гуфт, 1,8 миллион тоҷикистонӣ ваксина мегиранд
18:50 29.01.2021 (Навсозишуда: 18:12 10.04.2021) Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли равон бояд 20 дарсади аҳолии кишвар ваксина алайҳи коронавирус гиранд
ДУШАНБЕ, 29 янв – Sputnik. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд, хабар додааст сомонаи Pressa.tj аз қавли Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар феҳрасти 92 давлати дунё аст, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад.
Вазири тандурустӣ вақти омадани ваксинаро ба Тоҷикистон гуфт
Вазири тандурустӣ тавзеҳ додааст, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.
Қаблан раёсати Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода буд, ки то охири сол дар саросари ҷаҳон ду миллиард ваксина, аз ҷумла 1,3 миллиард ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камдаромад тақсим карда мешавад. Вазири тандурустии Тоҷикистон шеваи эмгузаронӣ дар кишварро шарҳ дод.
“Нахуст рӯйхат тартиб дода мешавад ва онҳое, ки хоҳиш доранд, аз эмкунӣ мегузаранд. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд”, - изҳор доштааст Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҷумҳурӣ наздики 20 рӯзи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Ба иттилои расмӣ, дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 гирифтори коронавиурс ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 13218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.