Интиқоли ваксинаи "Спутник V" ба Боливия - видео

Обуна шудан
Нахустин бастаҳои ваксинаи "Спутник V" истеҳсоли Русия дар ҳаҷми 20 ҳазор воя ба Боливия дастрас карда шуданд. Раисиҷумҳур эълон кард, ки дар кишвар эмкунӣ оғоз меёбад

Ҳавопаймо бо нахустин бастаҳои ваксинаи истеҳсоли Русия алайҳи коронавирусро дар фурудгоҳи Эл-Алто раисиҷумҳури ин кишвари Амрикои лотинӣ, Луис Арсе пешвоз гирифт.

Вакцина от коронавируса ЭпиВакКорона - Sputnik Тоҷикистон
Ваксинаи сохти Русия ҳалол аст ё ҳаром? муфтиёт хостори санҷиш шуд

Роҳбари Боливия дар мавриди оғози эмгузаронӣ дар кишвар эълон кард.

Маврид ба зикр аст, ки созиш даро бораи интиқоли ваксинаи "Спутник V" ба Боливия дар моҳи декабр ҳосил шуд. Иҷозатнома дар бораи истифодаи ваксинаро ниҳоди танзимкунандаи ин кишвар 6 январ дод.

Қаблан истифодаи ваксинаи  "Спутник V" – ро идораҳои танзимкунанда дар Беларус, Аргентина, АМА, Венгрия, Сербия, Алҷир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон иҷозат дода буданд.

Инчунин хабар дода шуд, ки дар Иттиҳоди Аврупо низ метавонанд истеҳсоли ваксина алайҳи коронавируси "Спутник V" – ро роҳандозӣ намоянд. Гуфтушунидҳои дахлдор миёни мутахассисон аз Русия ва ҳамтоёни олмонияшон ҷараён доранд.

Лентаи хабарҳо
0