Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20210130/BDA-ronanda-koidashikan-oshkor-1032726590.html
БДА зимни амалиёти "Истгоҳ" 15 ронандаи қоидашиканро ошкор кард
БДА зимни амалиёти "Истгоҳ" 15 ронандаи қоидашиканро ошкор кард
Ин ронандаҳо автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф менамуданд 30.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-30T14:36+0500
2021-01-30T14:36+0500
2021-01-30T15:05+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102436/59/1024365928_0:178:2893:1813_1920x0_80_0_0_1b476ead89aed12396cc909e2210fa67.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102436/59/1024365928_0:86:2893:1905_1920x0_80_0_0_33c912600d1aa150f0da16b8e68dc09d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бда, нақлиёт, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
БДА зимни амалиёти "Истгоҳ" 15 ронандаи қоидашиканро ошкор кард
14:36 30.01.2021 (Навсозишуда: 15:05 30.01.2021) Ин ронандаҳо автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф менамуданд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт амалиёти "Истгоҳ" пиёда намуданд.
Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, мақсади пиёда намудани амалиёти мазкур, ин бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва ошкор кардани таваққуфи нодурусти ронандагон мебошад.
БДА дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо"- ро пиёда мекунад
Манбаъ меафзояд, дар рафти баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ронандагон дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
Гуфта мешавад, ин омил боиси ба миён омадани беназмӣ дар ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст.
"Кормандони бозрасӣ он ронандагоне, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ додаанд нисбаташон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда дигар такрор накардан огоҳонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
РВУД дар шаҳри Душанбе аксҳои 15 ронандаро нашр намуда, аз дигар соҳибони мошинҳо хоҳиш мекунад, ки талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври пуррагӣ риоя намоянд, дар акси ҳол ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.