Русия марзашро ба рӯи ду кишвари Осиёи Марказӣ боз кард: кадомҳо?

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон
Ин қарор ба онҳое дахл дорад, ки тариқи ҳавопаймо сафар мекунанд. Шаҳвандони хориҷӣ бояд зимни убури марзи Русия бо худ санади манфии тести вируси корона дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Русия муваққатан марзашро ба рӯи шаҳрвандони кишварҳои узви Итиҳоди Иқтисоди АвруОсиё боз кард.

Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон марзбандиро бо 8 кишвар тамдид кард: рӯйхат

Шаҳрвандони кишварҳое, ки ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё дохил мешаванд, метавонанд тариқи Арманистон ва Белорус вориди Русия шаванд.

Дар ин бора қарори Ҳукумати Русия баромадааст.

Дар ин қарор омадааст, ки сафари шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО танҳо аз 1 феврал то 1 март ва фақат тариқи ҳавопаймо иҷоза дода мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шаҳварндони хориҷӣ зимни убури марзи Русия бояд бо худ санади манфии тести вируси корона дошта бошанд ва онро дар замимаи "Путешествую без COVID-19" (Сафар бидуни COVID-19) пешкаш кунанд.

Аввалин муҳоҷирини меҳнатӣ ба Русия сафар карданд: чӣ тавр ва ба кадом шаҳр?

Ёдрас мешавем, ки ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дохил мешаванд. Молдова, Куба ва Ӯзбекистон нозирони созмон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала