Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ваъда кард, ки аз Амрико "Тайота-Каролла" мебиёрад: боздошти қаллоб дар Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз се ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад. Қаллобон се шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб дода пулашонро барнагардонидаанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ду ҳодиса дар шаҳри Душанбе ва яке дар ноҳияи Шаҳринав ба вуқӯъ пайвастааст.

Денежные купюры. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ду зан аз ВКД: тоза кардани махзанро ваъда додаанд

Тибқи иттилои ВУД, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти А. Ҳасанови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, мардони 40, 33 ва 28-солаи сокинони ҳамин деҳа бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Онҳо ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол аз маблағ дараке нест.

Ҳодисаи дуюм дар назди масҷиди нав, воқеъ дар кӯчаи Навобод ба вуқӯ пайвастааст. Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2018, марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Ин мард ваъда додааст, ки аз заминҳои ноҳияи Варзоб ба ӯ қитъаи замин гирифта медиҳад, аммо то ҳол на замин ва на маблағро надидааст.

Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Ҷавон аз "Рентакарт" мошини гаронбаҳо иҷора гирифту онро ба гарав гузошт

Номбурда, моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 45 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ аз давлати Амрико ба ӯ автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла" дастрас менамояд, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидаст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала