Ҳарифони "Истиқлол" дар лигаи чемпионҳои КФО-2021 маълум шуданд

Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар лигаи чемпионҳои КФО-2021 бо "Ал-ҳилол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ" бозӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳарифони тими "Истиқлол"-и Душанбе дар лигаи чемпионҳои КФО-2021 маълум шуданд, гузориш медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои AFC, дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад.

Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

"Ҳарифони клуби футболи Душанбе дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), ҳамчунин ғолиби ҷуфти марҳилаи гузариш Ал-Гараф” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) хоҳанд буд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар мароисми қуръакашии лигаи чемпионҳои AFC-2021 даҳ гурӯҳ таъсис дода шуд. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи сатҳи аввали Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб ба таври мутамарказ аз 14 то 30 апрел, дар Шарқ  аз 21 апрел то 7 май баргузор мешавад.

Тибқи муқаррароти низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ва 6 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, ба даври 1/8-финал роҳхат мегиранд.

Ёдрас мешавем, тими футболи "Истиқлол" -и Душанбе тасмим гирифт, ки дар заминаи даста клуби футзал таъсис диҳад.

Дар назар аст, дастаи навтаъсис аз мавсими нав дар чемпионати кишвар бозӣ кунад.

Тартиби сабти номи дастаи нав тақрибан ба итмом расидааст, ҷалби футболбозон идома дорад ва ҳайати мураббиён ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

Раванди тамрин ва бозиҳои хонагии даста дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки "Истиқлол" -и Душанбе аввалин тими касбӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳам дар футболи калон ва ҳам футзал намояндагӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала