Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар вилоятҳои МКБ, Суғд ва Хатлон меғ мефарояд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят меғ мефарояд. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  25-30 ва рӯзона  12-17 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои сарди Русия ба Тоҷикистон меояд: ҳушдори ҳавошиносон аз бӯҳрони барфӣ ва яхбандӣ

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 0 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона -3+2 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона   13+15 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала