Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20210130/sokin-Ishkoshim-bomi-maktabr-tamir-1032723684.html
Азми мардуми Ишкошим барои таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ
Азми мардуми Ишкошим барои таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ
Як сокини ноҳияи Ишкошим боми мактабро таъмир карду ҷавонон дар назди дабистони дигаре синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд 30.01.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-01-30T11:35+0500
2021-01-30T11:35+0500
2021-01-30T12:02+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032426993_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_f177ad34da06da89bcd5c8a86dd9eaff.jpg
ишкошим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0a/1032426993_177:0:2844:2000_1920x0_80_0_0_d8f8a19c7279d7c8d86b05ce65d9758f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ишкошим, маориф, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Азми мардуми Ишкошим барои таъмири мактаб ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ
11:35 30.01.2021 (Навсозишуда: 12:02 30.01.2021) Як сокини ноҳияи Ишкошим боми мактабро таъмир карду ҷавонон дар назди дабистони дигаре синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошим бо иқдоми сокини деҳаи Хасхоруғи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров боми як мактаб таъмир карда шуд.
Руслан Нуруллоев сокини деҳаи Хасхоруғ боми бинои мактаби № 36-и деҳаи Хасхоруғро таъмиру навсозӣ кард.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" аз қавли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамзамон ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом гирифтаанд, ки баҳри беҳтар намудани шароити таълими хонандагону омӯзгорони мактаби № 3-и деҳа дар назди муассиса чанд синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд.
Манбаъ афзуда, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони деҳаи Намадгут азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд.