Ӯзбекистон марзбандиро бо 8 кишвар тамдид кард: рӯйхат

CC BY-SA 2.0 / Aleksandr Zykov / Tashkent Airport, UzbekistanТашкентский аэропорт
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон то 1 март марзбандиро ба рӯи 8 кишвар, ки вазъи ҳамагирии нохуб доранду навъи нави вируси корона дар онҳо паҳн шудааст, тамдид кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ӯзбекистон ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ, марзро ба рӯи шаҳрвандони 8 кишвар, мебандад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Қайд мешавад, ки марзбандӣ то 1 март идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз 21 декабр вуруди Ӯзбекистон аз ҳашт кишвар: Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ манъ карда шудааст. Ин тасмим пас аз кашфи навъи нави коронавируси COVID-19 дар ин кишварҳо гирифта шудааст.

"Бо назардошти вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар кишварҳои болозикр, марзбандии то 1 феврали соли 2021 то 1 марти соли ҷорӣ тамдид карда шуд ", - гуфта мешавад дар канали Telegram-и вазорат.

Инчунин, дар ин давра ҳама парвозҳои байналмилалӣ (воридшавӣ ба ҷумҳурӣ тавассути вуруд, баромад ва транзит) аз ин кишварҳо боздошта мешавад.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Мақомот инчунин хотиррасон карданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тайи ду ҳафтаи охир ба кишварҳои номбаршуда ташриф овардаанд, пас аз расидан ба ҷумҳурӣ тавассути кишварҳои сеюм, дар карантини ҳатмии дуҳафтаина ҷойгир карда мешаванд.

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Замони мӯътадил шудани вазъи эпидемиологӣ маҳдудиятҳо бекор карда мешаванд.

Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт то 29 январ, дар ҷаҳон беш аз 102 200,542 нафар гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 2204232 бемор қурбони ин маризӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала