Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави КОВД-19 дар Тоҷикистон ҳоло ҳам ба сифр баробар аст.

Женщина переходит через дорогу на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?

Тавре манбаъ қайд мекунад, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 29 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Омори тозаи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Русия

Ёдрас мешавем, 26 январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии кишварро ба коронавирус эълон кард. Дар ҳамин ҳол, президент таъкид кард, ки мардум бояд ба риояи чораҳои беҳдоштӣ идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала