Кремл ҷузъиёти сӯҳбати Путин ва Байденро ифшо кард

© ALEXEY DRUZHININПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кремл гуфт, ки раҳбари Русия Владимир Путин ва президенти нави ИМА, Ҷо Байден кадом мушкилотро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Котиби матбуоти президенти Русия, Дмитрий Песков ҷузъиёти гуфтугӯи телефонии Владимир Путин ва раҳбари нави Кохи Сафед Ҷо Байденро ифшо кард.

Избранный президент США Джо Байден перед инаугурацией - Sputnik Тоҷикистон
Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

Маълум аст, ки ин занг бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифтааст. Сӯҳбати президентҳои ду давлат, ба гуфтаи Песков, корӣ ва амалӣ буд.

Сухангӯи Кремл қайд кард, ки Байден ва Путин ихтилофи амиқи байни кишварҳоро эътироф карданд, ки онҳоро тавассути муколамаи созанда ҳал кардан мумкин аст.

Равобити байналмилалӣ ва рӯзномаи дуҷониба мавзӯи марказии баҳси раҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида гардид.

Путин ва Байден ба ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо пандемияи коронавирус ва тамдиди Паймон дар бораи коҳиш ва маҳдуд кардани силоҳҳои стратегии ҳуҷум байни ду кишвари изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Байден гуфт, дар давраи ҳукмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дошт

Ғайр аз он, сарони давлатҳо масъалаи ахири хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз Паймони фазои кушодро баррасӣ карданд.

Песков гуфт, ки самимияти сӯҳбати Путин ва Байден дар чӣ буд.

"Ҷонибҳо мавҷудияти ихтилофоти хеле амиқро ба таври возеҳ изҳор доштанд, аммо дар айни замон ба мувофиқа расиданд, ки мавҷудияти ин ихтилофҳо набояд маънои набуди муколамаро дошта бошад",-гуфт сухангӯи Кремл.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи гуфтугӯи телефонӣ аз ҷониби Путин имзо шудани созишнома дар бораи тамдиди Паймон дар бораи коҳиш ва маҳдуд кардани силоҳҳои стратегии ҳуҷум барои 5 сол, яъне то 5 феврали соли 2026 буд.
Амрико ба нақша гирифтааст, ки тамдиди Шартномаро то ба охир расидани он ба имзо мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0