Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Миллионҳо даромади мансабдороне, ки роҳбари гуруҳҳои ҷиноӣ шуданд: ном ба ном

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон баъзан мансабдорони давлатӣ барои гирифтани даромади муфт барои фаъолияти гуруҳҳои ҷиноӣ мусоидат мекунанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар мегӯяд, чунин мисолҳо хеле зиёданд

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, аз гуруҳҳои ҷиное гуфт, ки бо мусоидати мансабдорони давлатӣ фаъолият доштаанд. Ӯ танҳо аз гуруҳҳое ном бурд, ки бо иштироки роҳбарони баландпоя ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин машғул шудаанд.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мансабдоре дар Кӯшониён барои фурӯши замини боғи фарҳангӣ-фароғатӣ

Ба гуфтаи Раҳмон, тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ муайян намуд, ки дар солҳои 2017-2020 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бо мусоидати шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати аз 3 то 8-нафарӣ ташкил ёфта, ба тақсимот ва хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғул шудаанд.

Додситони кул аз ҷумла 12 гуруҳи ҷиноӣ бо иштироки мансабдорони давлатиро ном бурда, илова намудааст, ки чунин мисолҳо хеле зиёданд:

  • 1) Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва муовини ӯ Ҳафизов П. М. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 га қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд фурӯхтанд (725 ҳазор сомонӣ).
  • 2) Муовини директори Ҷамъияти лоиҳакашии “Шавкат” Назарзода Ш. бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 10 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Кӯлоб бо роҳи тартиб додани 200 адад қарори қалбакии раиси шаҳр 26 га замини таъиноти кишоварзиро ба 200 нафар бо маблағи 1,5 млн. сомонӣ фурӯхтанд.
  • 3) Муовинони раиси ноҳияи Ёвон Набизода А. А. ва Саъдуллозода А. бо таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 13 нафар шахсони мансабдори ноҳия 17 га заминро ба 100 нафар шаҳрвандон бо маблағи 10800 доллари ИМА ва 250000 сомонӣ фурӯхтанд.
  • 4) Дар ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳи муташаккили ҷиноятии қаллобон бо мусоидати собиқ муовини раиси ҳамин ноҳия Мирзозода А. Ҳ. бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба 37 нафар шаҳрвандон 1,3 га замини захираи шаҳрро (маҳаллаи Ховарон) бо маблағи 232 800 доллар ва 80 000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.
  • 5) Корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Х. бо 8 нафар шахсони мансабдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо роҳи сохтакорӣ 67 га замини таъиноти кишоварзиро дар харитаи заминистифодабарӣ ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, ба 500 нафар шаҳрвандон доданд.
  • 6) Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб Раҷабзода Қ. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷиноятӣ 8 га замини чарогоҳро ба 213 нафар шаҳрвандон бо маблағи 164000 сомонӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтанд.
  • 7) Гурӯҳи муташаккили ҷиноятии муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ Саидов С. бо миёнаравии қаллоб Ҳакимов Ҷ. 1,1 га замини таъиноти кишоварзиро ба 18 нафар шаҳрвандон бо маблағи 155000 сомонӣ фурӯхтааст.
  • 8) Аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Қурбонов Д. Р. ва дигарон 10 га замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии «Мурод», «Сайёд», «Муссо» ва «Кенҷа»-и ноҳияи Рӯдакиро бо маблағи 258 000 доллари ИМА фурӯхтанд.
  • 9) Муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти «Ҳисор» Абдураҳмонов А., 2,3 га заминро ба 15 нафар бо маб­лағи 39300 доллари ИМА ва 60000 сомонӣ фурӯхтааст.
  • 10) Директори ҶСШК «Улҷабой»-и ноҳияи Рӯдакӣ Холиқов Б., 0,3 га заминро ба 2 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.
  • 11) Сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Маҳмудзода З. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори фурудгоҳи шаҳр Музаффаров М. М. 0,5 га замини фурудгоҳро ба ивази 5 ҳазор доллар фурӯхтааст.
  • 12) Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Раҳимзода Ф. 0,6 га заминро ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА ба шаҳрвандон фурӯхтааст.  

Юсуф Раҳмон бо зикри ин гуруҳҳо таъкид кард, ки чунин мисолҳо хеле зиёданд. Тибқи иттилои расмӣ, ки нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз гузориши Юсуф Раҳмон овардааст, соли 2020 аз тарафи мақомоти прокуратура 296 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 22 нафар кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 27 нафар роҳбарон ва кормандони мақомоти идораи замин, 120 нафар раисон ва заминсозони ҷамоатҳо, 49 нафар кормандони мақомоти бақайдгирии амволи ғайриманқул ва бойгониҳо, инчунин 78 нафар роҳбарони хоҷагиҳо барои содир намудани ҷиноятҳои бо замин алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Назари бевоситае, афроде, ки додситонии кулли Тоҷикистон аз онҳо ном бурд, дар мавриди иттиҳомоти эълоншуда маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала