Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Пирӯзии муштзани шикастнадидаи тоҷик Сангинов бар Лаваллеи амрикоӣ дар Майами-видео

© © из личного архива Мехрубона СангиноваТаджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото
Таджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгари шинохтаи тоҷик, Меҳрубон Сангинов дар Майами Квинси Лаваллеи амрикоиро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Муштзани шикастнадидаи тоҷик, Меҳрубон Сангинов рақиби худ, Квинси Лаваллеро мағлуб кард. Муҳорибаи навбатии Сангинов бо варзишкори амрикоӣ шоми гузашта дар Майами баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, Сангинов унвони қаҳрамонии WBA NABA-ро дар ба даст овард. Ғалаба ба муштзани тоҷик тибқи қарори алоҳидаи доварон дода шуд. 

Ин дуввумин ғалабаи пайдарпай барои Сангинов мебошад. Қаблан, ӯ узви TJ Fight Nights дар Мексика шуд ва дар он ҷо мексикоӣ Мигел Лопесро мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, ки Сангинов яке аз беҳтарин муштзанҳои Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи варзишгар, бокс барои ӯ на танҳо пирӯзӣ дар ринг аст.

Боксер из Таджикистана Мехрубон Сангинов - Sputnik Тоҷикистон
Боз пирӯзӣ: Меҳрубон Сангинов рақиби амрикоияшро аз пой афтонд

"Ин имкони хубест барои пайдо кардани дӯстони нав, васеъ кардани ҷаҳони ошноӣ. Бокс ба саломатӣ кӯмак мекунад - ҳар рӯз машқ кунед, шумо худро хеле хуб ҳис мекунед. Ман ҳеҷ гоҳ хаста намешавам. Барои ман чизи асосӣ аҳамияти тарбиявии бокс аст",- мегӯяд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки Меҳрубон Сангинов дар ҳоли ҳозир 9 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ пушти сар дорад.

Моҳи сентябри соли 2019 миёни Сангинов ва муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ рақобат доир гашта, бо қарори доварон мусовӣ эълон шуд.

Сангинов унвони қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи WBC ("World Boxing Council")-ро пас аз шикасти ҳарифи амрикоиаш Камерон Буроуҷонс ба даст оварда буд.

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

Варзишкори шинохтаи кишвар 25 сол дошта, дар пойтахт ба дунё омадааст ва ӯ ҳамзамон раиси Федератсияи бокси Душанбе мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала