Гузориши ниҳоии САҲА: Дар интихоботи Тоҷикистон алтернативаҳои воқеии сиёсӣ пешниҳод нашуд

Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои тавсеаи интихобот ва баланд бардоштани шаффофияти раванди интихобот дар Тоҷикистон 23 тавсия пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 31 январ - Sputnik. Ин ниҳоди байналмилалӣ ба маҳдуд шудани ҳуқуқ ва озодиҳо дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон ишора мекунад.

"Интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистон оромона, вале дар муҳити шадиди назорат бо маҳдудиятҳои деринаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ баргузор шуд", - гуфта мешавад, дар гузориши ниҳоии САҲА, ки ду рӯз қабл нашр шуд.

САҲА изҳор медорад, ки дар ҷараёни интихобот "барои мубоҳисаи плюралистии сиёсӣ ҷой набуд ва ба интихобкунандагон алтернативаҳои воқеии сиёсӣ пешниҳод карда нашуданд".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, дар интихобот ба ӯ аксарият занон овоз додаанд

Дар гузориши ниҳоӣ инчунин гуфта мешавад, ки "барои мутобиқ кардани раванди интихобот ба ӯҳдадориҳо ва стандартҳои САҲА дар Тоҷикистон оид ба интихоботи демократӣ талошҳои назаррас лозиманд".

Дар ин санад барои беҳтарсозии интихобот ва баланд бардоштани шаффофияти раванди интихоботӣ 23 тавсия пешниҳод шудааст.

Натоиҷи интихоботи президенти Тоҷикистон - 2020 дар як дақиқа - видео

Тавсияҳои асосӣ аз ҷумла, "риояи принсипи баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун бо роҳи аз нав дида баромадани муқаррароте, ки ба президенти амалкунанда мақоми махсус ва имтиёзҳои интихоботӣ медиҳанд", "бартараф кардани маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ тавассути ислоҳоти фарогир аз чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ "," таъмини мустақилияти аъзои маъмурияти интихоботӣ тавассути андешидани чораҳои мувофиқи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар раванди интихоб".

Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА инчунин тавсия медиҳад, ки "такмил додани рӯйхати интихобкунандагон, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани феҳристи доимии мутамаркази овоздиҳандагон", "фароҳам овардани имконият барои шаҳрвандон дар интихобот ба ҳайси номзадҳои мустақил", "таъмини ҷудоии байни давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо" фароҳам шавад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли гузашта баргузор шуда буд ва сарвари кунунии кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум пирӯзӣ ба даст овард.

Натиҷаи интихоботи президентии — 2020 дар ҶТ

Вай бар чаҳор номзади дигар, ки аз Ҳизби Коммунист, Ҳизби Сотсиалист, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Ҳизби Аграрӣ намояндагӣ мекарданд, пирӯзии куллӣ ба даст овард ва 90,92% овозҳоро гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала