Дар Тоҷикистон корпоратсия таъсис меёбад

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардаанд, ки дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корпоратсияи моҳии тоҷик таъсис меёбад

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Ба иттилои раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ, дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корпоратсияи моҳии тоҷик таъсис ёфта, ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонда мешавад.

Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода хостори беҳтар намудани вазъи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд шуд

Айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома дошта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор бунёди 25 ҳавзи моҳипарварӣ ҷараён дорад.

Гуфта шудааст, ки майдони хоҷагии моҳипарварӣ  3 гектарро ташкил медиҳад ва тибқи нақша дар марҳилаи аввал 100 ҳазор гулмоҳича парвариш меёбад.

Тавре аз раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар доданд, хоҷагӣ ният дорад, ки дар соли аввали фаъолият 100 тонна гӯшти тайёри гулмоҳиро ба бозор барорад.

Манбаъ зикр кардааст, ки хоҷагии моҳипарварӣ дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки бо  мақсади фароҳам овардани шароит барои афзоиши моҳичаҳо сехи инкубатсионӣ бунёд мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала