Вазорат: шабонарӯзи гузашта касе дар кишвар гирифтори коронавирус нашуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВрачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19
Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Михаил Мурашко  - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ гуфт кадом моҳ дар Русия сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш меёбад

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала