Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Коҳиши гирифторони COVID - 19 дар Русия

Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар Русия, омори охири гирифторӣ, шифо ва фавтро нашр кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бино ба гузориши ситоди фаврӣ дар 24 соати гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия 18 ҳазору 359 ҳолати нави гирифторони COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар қиёс бо рӯзи гузашта, 673 ҳолат камтар мебошад.

Дирӯз, 30 январ дар сартосари Русия 19 032 ҳолати гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда буд.

Геннадий Онищенко во время пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон
Дар ду ҳафта: коршинос шарти пирӯзии Русия бар COVID - 19 -ро гуфт

Қариб дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 10,9 дарсад бидуни нишона аст.

Бештари гирифторон дар Санкт-Петербург (2160), Маскав ((2284) ва вилояти Маскав (1082) сабт шудааст.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 3 850 439 расид.

Манбаъ афзудааст, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия 20 040 мариз шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 3 300 004 баробар шуд.

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 485 кас қурбони COVID-19 шуд.

Дар Ӯзбекистон нахустин гирифтори навъи "бритониёӣ"-и COVID-19 ошкор шуд - видео

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 73 182 кас дар паи ин беморӣ ҷон аз даст дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала