Афзоиши беш аз 4 дарсадии даромади ширкатҳои мобилӣ дар замони коронавирус

CC0 / © Pixabay / Руки с мобильными телефонами, архивное фото
Руки с мобильными телефонами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Масъулини Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ шумори дақиқи истифодабарандагони алоқа мобилӣ ва интернетро дар ҷумҳурӣ эълон карданд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.  Масъулини хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон карданд, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон шумори умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба 7 милллиону 286 ҳазору 516 адад расидааст.
Прохожие на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2020
Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар истифодабарандаи интернету симкорт ҳаст
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра дар Тоҷикистон 5 миллиону 433 ҳҳазору 988 адад муштариёни фаъол ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон Хадамоти алоқа зикр кардааст, ки шумори истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 миллион нафарро дар бар гирифтааст.
Ҳаммзамон зимни нишасти матбуотӣ таъкид шудааст, ки корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерҳои хусусӣ дар солди 2020 ба маблағи 2 миллиарду 730 миллиону 276 ҳазору 532 сомони даромад гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2019  (2 миллиарду 613 миллиону 441 ҳазору 229 сомонӣ), 104,5 фоиз зиёд будааст. 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала