Барканор ё мақоми паст: чигуна кормандони давлатиро бо дастури Раҳмон аттестатсия карданд?

© Пресс-служба президента РТПравительственное заседание
Правительственное заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Нафароне, ки мехоҳанд дар мақомоҳои баландпояи Тоҷикистон мансаб дошта бошанд, бояд ба чанд талабот ҷавобгӯ бошанд: агар не, аз аттестатсия намегузаранду барканор мегарданд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ аз вазири адлияи Тоҷикистон дар бораи аттестатсияи баргузоршудаи кормандони мақомотҳои молия, андоз, гумрук ва ғайраҳо пурсон шуданд.
"Шумо дар Маҷлиси солонаи Ҳукумат дар бораи аттестатсияи мазкур маълумот додед. Мехостем донем, ки дар он санҷишҳо аз рӯи кадом сифатҳо баҳогузорӣ мешаванд?", - пурсидаанд онҳо.
Вазири адлия дар посух ба ин суол тавзеҳ додааст, ки аттестатсияи кормандони чанд ниҳод тибқи як дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки асосан дар доираи салоҳияти Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи вай, кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузори идораи амволӣ давлатӣ ва бонкҳо аз ин санҷиш гузаронида шуданд.
"Чанд сифати корманд, аз ҷумла  донишҳои касбию соҳавию умумӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва донистани технологияҳои муосир санҷида шуд", - тавзеҳ дод вай. 
Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён ин дастури президент ҳанӯз моҳи майи соли 2019 садо дода буд.
Дар ҳамин ҳол, вазир дақиқ накард, ки натиҷаи аттестатсия чӣ шуд, ӯ танҳо гуфт "масъулине, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ набуданд, ё барканор шуданд, ё ба вазифаи пасттар гузаштанд".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
Таъкиди Раҳмон ба таъйиноти кадрӣ ва ҳисоботи рондани тасодуфиҳо аз гумрук, андоз ва бонк
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январи соли равон, дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён оид ба натиҷаи аттестатсияи кормандон шунида шуд.
Вазир гузориш дод, ки аттестатсияи корманди сохторҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бонки миллӣ ва бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”,  аз 3 марти соли 2019 то 7 декабри соли 2020 идома дошт
Аз сохторҳои зикршуда 7523 нафар аз аттестатсия гузаштанд.
“Аз руи натиҷаи аттестатсия аз сохторҳои номбаршуда шахсони тасодуфӣ, ғайрикасбӣ ва нафароне, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз вазифа озод ва баъзеашон ба вазифаҳои паст гузаронида шуданд”, - изҳор дошт вай.
Дар посух Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки минбаъд низ ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар вазорату идораҳои давлатӣ назорат пурзӯр гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”
Аттестатсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз фасодкории густурда дар мақомоти молия, аз ҷумла андоз, гумрук ва бонкҳо интиқод карда, таъкид намуда буд, ки афроди баландпоя низ дар он даст доранду барои ислоҳи вазъ супориш дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала