Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони куллӣ кишвар хабар шиканҷа шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро инкор кард
ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки лату кӯби Одинаев ягон асос надорад.
Номбурда гуфт, "Гапи лату кӯб шудани ӯ дурӯғу, иғво аст".
Махмурод Одинаев - зам глава СДПТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2021
Муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон барои 14-сол равонаи зиндон шуд
Ба таъкиди додситони кул алайҳи муовини зиндоншудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи кишвар далелҳои кофӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон кард.
Пас аз додгоҳ, Одинаев ба хабарнигорон гуфта буд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.
Гуфта шудааст, ки додгоҳ Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт. Раҳбарияти ҲСДТ ва наздикони Одинаев гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.
Маҳмурод Одинаевро санаи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот  ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд
Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писарашро, ки суст мебинад, мехостанд маҷбурран ба артиш ҷалб намоянд.
Лентаи хабарҳо
0