Баҳои баланди Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Таджикские фрукты в Декхане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ривоҷу равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ боздид намуд.
Эмомали Рахмон посетил фруктовые сады в районе Джаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Раҳмон: боғдориро зиёд намоед то ҷои кор шавад
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, аҳли заҳмати ноҳия дастовардҳои худро дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ дар намоишгоҳи мазкур муаррифӣ карданд ва Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.
Гуфта мешавад, ки феълан дар баробари нигоҳубин ва парвариши боғҳои маъмулӣ дар ноҳия бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бомаром идома дорад.
Боғдорон зимни муаррифии навъҳои гуногуни дарахтони қадпаст, ки барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ пешбинӣ гаштаанд, иброз дошт, ки айни замон масоҳати боғҳои интенсивӣ дар ноҳия 90 гектарро ташкил дода, қариб 8 гектари онро боғи суперинтенсивӣ дар бар мегирад.
"Маҳсулоте, ки аз чунин боғҳо ҷамъоварӣ мегардад, асосан таъйиноти содиротӣ дошта, дорои сифати баланд, таъми хуш ва шаклу намуди диққатҷалбкунанда мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Мутахассиси тоҷик роҳи наҷоти дарахтон аз сардиро гуфт: дуд кунед
Дар намоишгоҳи мазкур дарахтони қадпасти сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба ривоҷу равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ҳудуди ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати нигоҳубину парвариши дурусти дарахтони қадпаст ба масъулин маслиҳату дастурҳои муфид дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" майдони боғ ва токзор дар ҳудуди ноҳия афзоиш ёфта, ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он зиёд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0