Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад

© Вазорати тандурустии ТоҷикистонБоздиди вазири тандурустии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии маркази саломатӣ дар Қубодиён
Боздиди вазири тандурустии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии маркази саломатӣ дар Қубодиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дидан намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 3 аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки бо маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад, дидан намуд.
Минтақаи нави идораи партовҳои тиббӣ дар шаҳраки Шифо, собиқ Мачитон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Кумаки СММ ба Тоҷикистон барои нобудсозии партовҳои хатарноки сироятӣ
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии зимни шиносоӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додан ва вусъат бахшидани  корҳои сохтмонии маркази саломатии мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода, аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён низ дидан намуда, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарияти беморхона супоришҳои мушаххас додааст.
Вазорати тандурустӣ гуфт, воридшавии навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 назорат мешавад
Манбаъ афзуда, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0