Фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши вазорати адлия қарор гирифтааст

© Фото : Аз ВУДҶавонони "Авангард" дар ДОМ
Ҷавонони Авангард дар ДОМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кардааст, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.
Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.
“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, - гуфт муовини вазир.
Бояд гуфт, ки бино бар иттилои масъулон, ин гурӯҳ онҳо дар саросари кишвар беш аз 22 ҳазор узв дорад.
“Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Группа Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Группа "Авангард"
Маводе, ки ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гӯруҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала