Шарҳи Мӯъминзод дар бораи ҷаҳиши нархи шакару равған ва шикояти сокинон

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана
Пресс-конференция Антимонопольной службы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархи маҳсулоти озуқавориро дар кишвар шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, Абдулмаҷид Мӯъминзод зимни нишасти хабарии ин ниҳод афзоиши нархҳо дар бозорҳои кишварро тасдиқ карда, онро ба давлатҳое рабт дод, ки аз онҳо мол ворид мешавад.
Trade at a city food pre-Easter fair held on Karl Marx Square in Novosibirsk. (File) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2020
Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод
Абдулмаҷид Мӯъминзод гуфт, танҳо нархи равғани растанӣ дар давлати истеҳсолкунанда то 42 фисад боло рафтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Покистон ва Русия, ки аз таъминкунандагони бештари давлатҳо бо шакар мебошанд, ин маҳсулот имрӯз аз 32 то 37 фисад боло рафтааст.
"Дар худи давлати истеҳсолкунандаи Покистон имрӯз як кило шакар 1 доллар арзиш дорад",-афзуд, Мӯъминзод.
Ӯ гуфт, дар бораи афзоиши нархи равған дар шабакаҳои иҷтимоии кишвар шикоятҳо карданд, ки баланд шуд.
"Дар ҳақиқат баланд шуд. Истеҳсоли равғани мо бештар аз пунбадона аст, ки нархи он низ 1 сомонӣ боло рафтааст. Қурби асъори миллӣ миёни як сол то 16 фисад боло рафт. Ин ҳама омилҳое ҳастанд, ки ба тамоми соҳаҳо таъсир мерасонанд, зеро дар хориҷ ҳама маҳсулот бо доллар харидориву дар дохил бо асъори миллӣ фурӯхта мешавад", - тавзеҳ дод сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ. 
Номбурда гуфт, агар дар мо нархи тухм то 16 фисад боло рафта бошад, дар Ӯзбекистон 38%, дар Қирғизистон 21%, Қазоқистон 20% ва дар Русия 25 фоиз боло рафт.
"Ҳатто Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз мо хоҳиш карданд, ки онҳоро бо тухм таъмин намоем. Хӯроки парранда гарчанде аз пардохти гумрукӣ озод бошад ҳам, аммо нархаш гарон шудааст. Тақрибан 10 фисади хӯроки парранда дар дохил истеҳсол мешавад", - иттилоъ дод Мӯъминзод.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамзамон болоравии нарҳоро ба пандемия ва маҳдудиятҳои вобаста ба он рабт дод
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала