Тоҷикистон ба Ҳиндустон мева содир карданист

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевОрешки и сухофрукты на рынке
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Тоҷикистон мехоҳад бозори бузурги дигаре барои фурӯши маҳсулоти кишоварзияш - Ҳиндустонро касб кунад
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад бо ҷумҳуриии Ҳиндустон ҳамкориҳои тиҷоратиашро тақвият бахшида, ба кишвар коло, асосан маҳсулоти кишоварзияшро содир кунад.
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Яке аз бозорҳои калони дигаре, ки ба мо наздик ҳаст, ин Ҳиндустон мебошад. Мо ҳоло масъалаи ҳамкории тиҷорӣ бо ин кишварро омӯхта истодаем", - хабар дод вай.
Фрукты и овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2020
Азми мақомоти Хатлон барои содироти 90 ҳазор тон меваю сабзавот ба хориҷа
Ба қавли Ҷумъахонзода, палата аллакай аввалин қадамҳоро дар роҳи ифтитоҳи бозори содиротии нав гузоштааст - бо намояндагони тиҷоратии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва худи сафири кишвар мулоқотҳо анҷом додааст.
"Мо дар бораи он ки кадом маҳсулотамонро ба Ҳиндустон содир карда метавонем, бо намояндагони кишвар мулоқотҳо доштем. Фақат бо назардошти роҳ муайян кардан лозим аст, ки кадом маҳсулоти мо он ҷо ба фурӯш меравад", - таъкид мекунад вай.
Дар посух ба суоли он ки интиқоли колоҳо бо кадом роҳ сурат хоҳад гирифт, раиси палата таъкид кард, ки пеш аз ҳама роҳи заминӣ ба назар гирифта мешавад. 
"Ҳастанд маҳсулоте, ки рақобатпазиранд. Онҳоро метавон ба воситаи ҳавопаймо низ содир кард - ин ҷанбаҳоро ҳам меомӯзем", - гуфт вай.
32%: рекоди нави содироти Тоҷикистон, он ҳам дар замони пандемия
Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ҳамин ҳол таъкид кард, ки дар Тоҷикистон пеш аз ҳама мехоҳанд маҳсулоти кишоварзӣ - мева, аз ҷумла гелос, зардолу ва меваи хушкро ба Ҳиндустон содир кунанд.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамкориҳо аз ҳамин сол ба роҳ монда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала