Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, соли 2020 ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби ноболиғон зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, миёни наврасон ҷинояти ғоратгарӣ ва роҳзанӣ зиёд шудааст.
Ба гуфти Ҳабибуллозода дар соли 2020 миёни ноболиғон 754 ҷиноёт содир шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019-ум 119 адад камтар мебошад.
Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчунин зикр кард, ки аз миён бештараш ба ғоратгарӣ ва роҳзанӣ рабт дорад.
Маленькие девочки сидят на траве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2020
Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?
Ӯ афзуд, ки барои аз миёни бардоштани ин гуна зуҳурот ваколатдорон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мактабҳо ва вазоррату идораҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
"Мо барои муайян кардани сабабу омилҳои даст задани кӯдакон ба ҷиноят бо онҳо вомехӯрем. Ба кӯдакон оқибати ин корҳои номатлубро мефаҳмонем ва кӯшиш мекунем маърифати ҳуқуқии онро баланд кунем", - гуфт ӯ.
Баҳси таҷовузи кӯдаки сесола дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ. Ӯ хост, ҷазоҳо сангинтар шаванд
Ба гуфти Ҳабибуллозода бештари кӯдакон, ки даст ба ҷиноят мезананд аз оилаҳои носолим ё хонаводаҳое ҳастанд, ки дар вазъияти душвор қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала