Намози бехатар: насби дастгоҳи санҷиши таб дар масҷиди марказии Душанбе - акс

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Дар даромадгоҳи масҷиди марказии шаҳри Душанбе дастгоҳи санҷиши таби намозгузорон насб карда шудааст, ки фаврию фосилавӣ вазъи ташрифовардагонро месанҷад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, бархе намозгузорон барои таъмини бехатарии беҳдоштӣ ба масоҷид, василаҳои муҳофизатиро ироа кардаанд.
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2021
Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон
“Сипос ба дӯстонамон аз “Синон”, ки хайре карданду дар даромадгоҳи масҷиди марказӣ таҷҳизоти муайянкунанадаи табро насб кардаанд. Ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки дар фурсати кӯтоҳ таби намозгузорон пеш аз дохил шудан ба масҷид санҷида шавад”, - навишт Афшин Муқим.
Ӯ инчунин ба онҳое, изҳори сипос кардааст, ки барои масоҷид маводи антисептикиву ниқобҳои муҳофизатӣ хайр кардаанд.
Сухангӯи Кумитаи дин бо нашри аксҳо аз намози ҷумъа, ки бо риояи фосилаи иҷтимоӣ сурат гирифтааст, аз намозгузорон хостааст, дар мавриди масоҷиде хабар диҳанд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ дар он риоя намешавад.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ сар аз 1 феврал дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию ҷамъиятӣ иҷозат дод.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни паёми ахиран ба парлумон, таъкид кард, ки намозгузорон қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд, дар акси ҳол, макони ибодатгузорӣ дубора баста мегардад.
"Бояд дар масҷидҳо эҳтиёт кард. Хусусан ҳангоми адои намози ҷумъа. Буданд ҳолатҳое, ки дар тӯйҳо ё ҷанозаҳо чандин нафарон аз коронавирус сироят меёфтанд", - таъкид кард раисҷумҳур.
Вай афзуд, агар намозгузорон қоидаҳои беҳдоштро риоя накунанд, масҷид дубора баста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала