Байден гуфт, "Русияро ба посух гуфтан" маҷбур мекунад

© REUTERS \ Patrick SemanskyДжо Байден выступает с речью во время своей инаугурации
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Президенти тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден ваъда додааст, ки ҳамагуна дахолат ба умури дигар кишварҳо оқибатҳои мудҳиш хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти Амрико Ҷо Байден пас аз расидан ба мансаби президентӣ нахустин нишасти матбуотиашро баргузор кард. 
Дар рафти баромадаш Байден чанд изҳороти тунд ва то ҷое иғвоангезро ироа кард.
“Як қадами хуби рамзӣ”: Русияву Амрико барои тамдиди Созишномаи ПКТҲ розӣ шуданд - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2021
"Як қадами хуби рамзӣ": гоми нахустини Русияву Амрико барои коҳиши танишҳо
Аз ҷумла Байден изҳор дошт, ки ИМА ба майдони ҷаҳонии сиёсат бармегардад.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин Русияро дар ҳамлаҳои кибернетикӣ, дахолат дар интихобот, ҳабси Навалний муттаҳам карда, дар бораи амалҳои ҷавобии ИМА гуфт.
"Мо бидуни дудилагӣ Русияро маҷбур мекунем, ки ба манфиатҳои муҳими мардуми мо посух гӯянд ва ҳимоя кунанд. Ҳангоми кор дар эътилоф ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар шарикони ҳамфикр мо дар муносибат бо Русия муваффақтар хоҳем буд", - боварӣ дорад Байден.
Ҳамчунин Байден эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои Амрикоро аз Олмон боз медорад ва дар Шарқи Наздик фаъолтар мешавад.
Кремл ҷузъиёти сӯҳбати Путин ва Байденро ифшо кард
Суханронии президентро собиқ котиби давлатии Амрико Майк Пампео танқид кардааст.
"Оё ӯ дар назар дорад, ки Амрико ба замони хилофоти таҳти идораи терористҳо баргаштааст. Ба хилофате, ки ҳудуди он бо Британияи Кабир баробар буд? Ё замоне, ки Чин умуман ба мо дахолат надошт?", - гуфтааст бо истеҳзо Пампео.
Собиқ котиб афзудааст, ки вазъият дар Шарқи Наздик сахт тағйир ёфтааст ва таҷрибаи Борак Обамаро ҳоло истифода кардан, бенатиҷа хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0