Зодрӯзи Криштиану Роналду, Эрон Ҷумҳурии исломӣ шуд: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 5 февраля нац
День 5 февраля нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Рӯзи панҷуми феврал Рӯзи байналмилалии интернети бехатар буда, Рӯзи Конститутсия дар Мексика, Рӯзи ваҳдати миллии Покистон бо Кашмир ва Рӯзи парчам дар Финландия мебошад

Рӯзи 5 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар ИМА арифмометр  ихтироъ карда шуд.
День 4 февраля нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА ва таъсиси Facebook: имрӯзи таърих
Соли 1919  дар Олмон миёни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 1947 Фармони раҳбари Шӯрои Олии ИҶШС дар бораи таъсиси унвони "Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон".
Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.
Соли 1979 Оятулло Ҳумайнӣ Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард.
Соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.

Рӯзи 5 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 Вазири вақти молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии вақти Бонки чаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюм "Оид ба таъмини  созмонҳои шуғли ҷамъиятӣ дар ҳадафҳои идоракунии устувори хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон" — ро имзо кард.
Соли 2013 аҳолии Тоҷикистон мувофиқи барӯйхатгирии соли 2013, 8000700 нафарро ташкил намуд, ки 79,9 дарсади онҳо тоҷик, 15 дарсад узбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотор ва ғайра мебошад.
День 2 февраля нац - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Зодрӯзи Оқил Оқилов ва Тоҷиддин Муҳиддинов: имрӯзи таърих
Соли 2014 дар шаҳри Исфара гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуданд.
Соли 2015 бо супориши Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.
Соли 2015 Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд.
Соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.
Соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.
Соли 2018 Ҷоми заррини Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2018 ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд.
Соли 2018 дар Душанбе 36 истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2019 Раҳмон бо Лавров муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард.
Соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои амру фармонҳо як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 5 феврал

  • Рӯзи байналмилалии интернети бехатар.
  • Рӯзи Конститутсия дар Мексика.
  • Рӯзи ваҳдати миллии Покистон бо Кашмир.
  • Рӯзи парчам дар Финландия.
  • Рӯзи президент дар Конго.

Рӯзи 5 феврал кӣ ба дунё омадааст

Бихадичаи Аҳмад (1968)- нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.
Искандар Қаландаров (1936- 2010)- арбоби ҳизбӣ, Корманди шоиста маданияти Тоҷикистон.
Қудратшоҳи Одина (1950) - шоир.
Сафаралӣ Қурбонов (1947) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Шоистаи ҷумҳурӣ.
Мавлониддин Пўлодов (1948)- нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Имомалӣ Раҳмонов (1969)- устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Раҷабалии Худоёр (1960)- шоир, адабиётшинос.
Оташ Неъмат (Додобоев) (1953) - шоир.
Бозор Сафаралиев (1956) - доктори илми педагогӣ.
Ҳаитов Аҳмадҷон (1947) - доктори илми кишоварзӣ, профессор.
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Криштиану Роналду
Криштиану Роналду (1985) футболбози португалӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала