Далер Назаров акси ҷавонии Муборакшоро бо ҳамсару ду писараш нашр кард - акс

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Моҳи феврал расо 20 сол мешавад, ки ҳунарманди нотакрори тоҷик, яке аз асосгузорони мусиқии поп дар Тоҷикистон даргузашт
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Далер Назаров, ҳунарманди маъруф ва маҳбуби тоҷик ва ҳамзамон устоду ҳаммаслаки Муборашо Мирзошоеви машҳур дар арафаи ёдбуди ҳунарманд ёде аз ӯ кардаву як акси хонаводагии вайро нашр кардааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Daler Nazarov Studio (@dalernazarovstudio)

Дар акс Муборакшо ва ҳамсар ва ду писараки хурдсолаш инъикос гардидаанд. Ҳарчанд ҳаёти ҳунарманд доим зери таваҷҷӯҳи мухлисонаш ва рӯзноманигорон аст, ин акс боре расонаӣ нагашта буд.
Зери ин акс дар саҳифаи Инстаграм Далер Назаров гӯё мактубе ба дӯсти деринаш навиштаву ёд аз вай мекунад.
"Ташаккури зиёд ба ту Булбули мо, Миш (лақаби Муборакшо, ки дӯстонаш дода буданд - идора), ки бароямон ҳиссиёти зебо ва дилрабоиро ҳадя кардӣ. Ту имрӯз бо мо нестӣ, аммо овозат бо мост, ки ҳамеша садо хоҳад дод. Бо гузашти вақт ҳама чиз тағйир меёбад, аммо овози ту ҳамеша, дар ҳама замон одамонро муассир хоҳад кард", - омадааст дар навиштаи Назаров.
Муборакшо моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаводаи Абдулваҳоб ба дунё омадааст.
Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд, аз ин рӯ қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқ доштанд.
Муборакшо ҳанӯз дар синни 14- солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъолияти ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.
Муборакшо пас аз иҷрои суруди "Ғарибӣ" миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Нахустин консерти ӯ дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангӣ дар  Душанбе баргузор шуд.
Хотираҳои наздикон аз Муборакшо: аз марги ӯ 19 сол гузашт - видео
Он замон авзои Душанбе ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксӯ гузошта, таҳти навоҳои Муборакшо чарх мезаданд.
То имрӯз сурудҳои "Ай ёрам биё", "Ғарибӣ", "Равон шуданд чор ҷавон", "Парвинамо", "Сабза ба ноз", "Хиромон", "Туро намепарастам" ва ғайра дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгир аст.
Муборакшо Мирзошоеви машҳур ва маҳбуб 8 феврали соли 2001 дар пайи бемории илтиҳоби шуш даргузашт.
Аз ӯ се писар Аслишо, Сайёд ва Имомалишо нишона монданд.
Писари хурдии ӯ Имомалишо пайрави падар аст.
Лентаи хабарҳо
0