Мулоқоти Муҳсинзода бо намояндаи Бунёди Оқохон оид ба рушд

© Вазорати тандурустӣМулоқоти муовини вазири тандурустӣ бо намояндаи Бунёди Оқохон
Мулоқоти муовини вазири тандурустӣ бо намояндаи Бунёди Оқохон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Будёни Оқохон оид ба рушд, дар самтҳои солимии наврасон ва беҳдошт, беҳбудии шароити зист ва гуногунии ғизо, дастгирии таъсиси Маркази будубоши иҷтимоии пиронсолон дар ВМКБ ва сохтмони марказҳои саломатӣ дар деҳот  дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Муовини якуми вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Ташкилоти ҷамъияти Бунёди Оқохон оид ба рушд мулоқот намуд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо Ташкилоти Оқохон оид ба рушд ҳамкориро дар доираи "Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии Фонди Оқохон оид ба рушд" ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ мондааст.
Кумаки навбатии Ожонси Оқохон ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID -19 - навор
Ташкилоти мазкур соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои солимии наврасон ва беҳдошт, беҳбудии шароити зист ва гуногунии ғизо, беҳтар намудани инкишофи қад, дастгирии таъсиси Маркази будубоши иҷтимоии пиронсолон дар ВМКБ ва сохтмони марказҳои саломатӣ дар деҳот  дастгирӣ менамояд.
Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала