Ҷазои қариб 300 мансабдор: мақомдорони кадом ниҳодҳо заминфурӯшӣ кардаанд?

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта наздики 300 мансабдорро барои додугирифти ғайриқонунии замин ҷазо додаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.  Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Мӯзапӯшию сайри ҷамоат ба ҷамоати раиси Кумитаи давлатӣ баъди супориши Президент
Манбаъ афзуд, ки қисми зиёди онҳо заминсозҳои ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ будаанд.
“Аз ҷумла нисбати 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар кори раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон прокурорҳо асосан аз тасмимҳояшон дар мавриди тақсими замин норозӣ будаанд.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо1055 эътироз оварда шудааст, ки 865 адад ё 82 дарсади  эътирозҳо ба қонунгузории замин рабт доранд.
Барои муқоиса таъкид шудааст, ки соли 2019  ҳудуди 874 эътироз ба қарори раисони шаҳру навоҳӣ оварда шуд, ки 682 адад ва ё 78 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0