Майтдинова таҳдидҳои нав ба амнияти Тоҷикистонро гуфт

© © Галим ФасхутдиновГузель Майтдинова
Гузель Майтдинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Директори Маркази тадқиқоти геополитикии РТСУ, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии РТСУ Гузел Майтдинова дар бораи афзоиши ҷиноятҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш оид ба афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта давоми ва ҳамзамон аз зиёд шудани ҳамлаҳои иттилоотӣ аз берун, хабар дод.
"Шумораи ҷиноятҳои экстремистӣ 5% афзоиш ёфт, ки ин хеле зиёд аст. Асоси созмони террористӣ дар Ховари Миёна нобуд карда шуд ва қисме аз ҷангиён аз Ироқ ва Сурия ба шимоли Афғонистон ҳаракат мекунанд, бинобар ин ин як сигнали нигаронкунанда аст барои амнияти Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ",-гуфт Майтдинова, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба ақидаи вай, шиддат гирифтани ташаннуҷи низомӣ Тоҷикистонро водор месозад, ки дар ин самт чораҳои муайян андешад, пеш аз ҳама, дар доираи СҲШ ва СААД дар самти Афғонистон ҳамкории хеле наздик вуҷуд дорад.
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротию террористидошта ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ гуфт
"Барои таъмини камарбанди амниятӣ, пойгоҳи низомии 201-и Русия навсозӣ карда шуд, ки ин пешгирӣ аз таҳдидҳои беруна мебошад ва ҳоло зарурати навсозии системаҳои амниятӣ воқеан муҳим аст, ки ҳанӯз дар солҳои 90 ба шаклгирӣ оғоз карда буд",-илова кард сиёсатшинос.
Таҳдидҳо, аз қабили биологӣ, мушкилоти экологӣ, ҷангҳои гибридӣ ба миён меоянд, мушкилоти марзии водии Фарғона, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ба қадри кофӣ ҳалли худро наёфтааст.
Бо сабаби ҷамъ шудани ҷангиён дар шимоли Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ мунтазам рух медиҳанд.
Сиёсатшинос хотиррасон кард, ки Тоҷикистон қадамҳои пешгирикунанда гирифта, соли 2014 созишномаи Афғонистон-Тоҷикистон-Чинро имзо кард ва сипас соли 2016 паймоне баст, ки Покистон низ ба он пайваст, дар бораи табодули иттилооти фаврӣ, оид ба бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва посбонии муштарак дар долони Вахон.
Он замон инчунин, дар бораи бунёди посгоҳҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва Помир созиш ҳосил шуд.
Симкортҳои тоҷикӣ дар Афғонистон: чӣ Хадамоти алоқаро ба ташвиш овардааст?
"Мушкилоти амнияти иттилоотӣ низ вуҷуд дорад. Ҷангҳои шабакавӣ ба амнияти миллии ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар таҳдид мекунанд, аз ин рӯ зарур аст, ки дар доираи амнияти ОБКД ва СҲШ чораҳои пешгирикунанда андешида, ин омили ҳамкорӣ таҳким ёбад",-хулоса кард коршинос.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала