Шоири тоҷик Карим Ҳайдар дар Русия ҷоиза гирифт

© предоставлено пресс-службой мэрии ДушанбеТаджикский поэт Карим Хайдар
Таджикский поэт Карим Хайдар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Обуна шудан
Шоири тоҷик Карим Ҳайдар бо ҷоизаи мӯътабари адабии Русия - медали "Иван Бунин" мукофотонида шуд
ДУШАНБЕ, 7 феврал - Sputnik. Шоир, журналист ва тарҷумони маъруфи тоҷик Карим Ҳайдар бо медали "Иван Бунин" мукофотонида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе.
Скульптура Сергей Есенин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2020
Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд
Ба иттилои манбаъ, ҷоиза ба муносибати 150-умин солгарди таваллуди "Иван Бунин", нахустин лауреати ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт, таъсис дода шудааст.
Ин медал ба номзадҳои ҷоизаи миллии адабии "Шоири сол", инчунин ба шахсоне супорида мешавад, ки дар рушди адабиёти рус саҳми назаррас доранд.
Интизор меравад, маросими супоридани медалҳо дар толори консертии ҳукумати Маскав 21 марти соли 2021 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии шеър тақдим карда шаванд.
Ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллии тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун супорида мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Карим Ҳайдар ба ҷоизаи адабии Русия "Шоири сол" пешбарӣ шуда, ҳамзамон 
Награждение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2020
Қадрдонии шоири тоҷик бо нишони "Наследие"
ба медали иттифоқи нависандагони Русия "Сергей Есенин" сазовор гардидааст.
Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.
Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.
Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.
Ӯ суруди миллии Тоҷикистонро ба забони русӣ тарҷума кардааст ва муаллифи филмҳои мустанади Роберт Рождественский", "Тимур Зулфиқоров", "Михаил Синелников - шоир ва тарҷумон" мебошад.
Афзун бар ин, Карим Ҳайдар барои  Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гимн навиштааст.
Бо медалҳои "Хизмати шоиста" ва  МГТРК "Мир" мукофотонида шудааст. Карим Ҳайдар соли 2018 ордени дараҷаи якуми "Достаевский"-и Русияро низ гирифта буд.
 
Лентаи хабарҳо
0