Роҳи хайрия: чигуна бознишастагони Суғд ба мардуми камбизоат кумак мерасонанд

© SputnikЖенщина с лепешками в Худжанде возле "ящика добра"
Женщина с лепешками в Худжанде возле ящика добра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ, гароншавии маҳсулоти ғизоӣ ва бекорӣ, сокинони саховатманд даст ба анҷом додани хайрия заданд ва ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонанд
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Пандемияи коронавирус на танҳо ба даромади соҳибкорон ва ширкатҳои бузург, балки ба мардуми одӣ низ таъсири манфӣ расонидааст.
Маълум шуд, ки ҷаҳон бидуни одамони саховатманд нест. Ҳатто дар замони сахт нафароне пайдо мешаванд, ки ба мардуми камбизоат дасти кумак дароз мекунад.
Sputnik Тоҷкистон чанд нақли аҷибро барои хонандагон ҷамъ овардааст.

 Сандуқи “сеҳрнок”

Наздики яке аз нонвойхонаҳои шаҳри Хуҷанд, ба қавли сокинон як қуттӣ, хайма ё “сандуқ”-и хайриявӣ пайдо шудааст. Дар пештоқи қуттии  “сеҳрнок” навишаанд, ки “ҳар касе чизе бигирад, шикамаш сер шавад ва ҳар касе чизе бигузорад, умраш дароз гардад”
Ин қуттиро зану шавҳар  Раҳматулло ва Бисоҷида Ғиёсовҳо, дар канори растаи нонфурӯшӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ташкил намуда, ҳар рӯз аз ҳисоби нафақаи худ ба дохили он то 10 дона нон мегузоранд.
Раҳматулло ва Бисоҷида ҳар моҳ бештар аз 600 сомонӣ, ки муоди 52 доллар аст, нафақа мегиранд. Онҳо аз ҳамин пули ночиз боз ба камбизоатҳо кумак мерасонанд.  
© SputnikРахматулло и Бисоджида Гиёсовы
Рахматулло и Бисоджида Гиёсовы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Рахматулло и Бисоджида Гиёсовы
Им сол онҳо тасмим гирифтанд як нуқтаи махсусеро ифтитоҳ намоянд, ки ҳар як фарди камбизоат тавонад дар онҷо хуроки бепул истеъмол намояд.    
Ин ду сокини эҳсонкори Хуҷанд маблағро ба фурӯшандаҳо  пешпардохт карда, ҳар рӯз барои ба дохили сандуқ гузоштани нон, вазифидор намудаанд.
“Мо ҳанӯз ҷавон будем ва қариб ҳар моҳ, ҳамроҳи модарамон ба нафақагирӣ мерафтем. Дар ёд дорам, ки модарам ба ними нафақаашон нон мехариданд ва мо онҳоро ба мардикорон тақсим мекардем. Гузаштагонамон моро ба иҷрои корҳои хайр ҳамеша насиҳат мекарданд”, - гуфт Ғиёсов.
Ин сокини эҳсонкор дар гузашта ҳудуди 25 сол дар соҳаи савдо ҳамчун фурӯшандаи мағоза дар ноҳияи Б. Ғафуров кор  кардааст. Ҳамсараш Бисоҷида низ собиқадори коргоҳи қолинбофии Хуҷанд аст.
“Ҳар қадаре, ки дар ҷомеа хайру эҳсон зиёд шаванд, ҳамон андоза меҳру муруват байни инсонҳо меафзояд”, - мегуянд ин ду эҳсонкор.
Мавлуда Латифова яке аз нонфурӯшон гуфт, бо даъвати соҳибони қуттӣ ҳар субҳ 10 дона нони аз 2 то 3 сомониро ба дохили сандуқ мегузорад ва эҳтиёҷмандон бо хондани он, ки нон бепул аст бо худ мегиранд.
“Ҳар нафари ниёзманд аз дохили ин қуттӣ ҳар рӯз як то нони бепул гирифта метавонад”,  - гуфт Латифова.
Ҳоло бо гузашти бештар аз ду ҳафта аз гузошта шудани ин қуттӣ дар Хуҷанд дигарон низ ба иқдоми хайриявии Ғиёсовҳо ҳамроҳ шуда, барои кӯмак ба мардуми бенавою барҷомонда ба дохили он, нону шакар, ҳасиб ва дигар анвои ғизоӣ мегузоранд.

Мо кумак кунем, барои мо ҳам кумак мекунанд

Ин гуна маркази хайриявӣ дар шаҳри Хуҷанд нав нест.  “Маркази хайру эҳсон” соли 2016 бо ташаббуси Нӯъмон Ҳасанов, сокини нафақахур ва собиқ раиси маҳаллаи “Ваҳдат” -и Хуҷанд ташкил карда шудааст.
Ҳоло ба ин макон сокинони хайрхоҳ либос меоранд ва ниёзмандону бечорагон метавонанд аз он истифода намоянд.
© SputnikБывший председатель махаллы "Вахдат" в Худжанде Нуъмон Хасанов
Бывший председатель махаллы Вахдат в Худжанде Нуъмон Хасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Бывший председатель махаллы "Вахдат" в Худжанде Нуъмон Хасанов
“Ман ин корро аз худам шурӯъ намудам. Дар хона чанд либоси нолозимро гирифта ба марказ овардам. Дигарон ба ин иқдоми ман пайравӣ намуданд”, - зикр кард ба Sputnik Тоҷикистон Ҳасанов.
Алакай панҷ сол аст, ки Маркази мазкур бо хайрияҳои саховатмандон ба даҳо сокинони камбизоат кумак мерасонад.
Муҳаббат Амонзода, сокини шаҳри Хуҷанд ва аз ризокорон (волонтиёр) и ин нуқтаи хайриявӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳамарӯза одамони зиёде ба ин марказ бо нияти хайр кардан ва ё бо худ гирифтани либос ташриф меоранд. Тибқи меъёри масъулини он,  аз ин ҷо бурдани то се дона либос барои ҳар як нафар муқаррар шуда, барои эҳтиёҷмандон дар як вақт гирифтани то 12 адад либосу кафши бепул иҷоза дода мешавад.
 “Метавон гуфт, ки дарҳои мо ҳеҷ гоҳ баста нестанд. Мо асосан ному насаби хайркунандаҳо ва ҳам истифодарандаҳоро дар дафтар қайд мекунем. Бисёре аз саховатмандон бо овардани либос ному насабашонро зикр намекунанд. Оилаҳои серфарзанд, яккаву танҳо,  бекор, баъзе донишҷӯёну ҷавонон барои худ сару либоси мувофиқ дарёфт мекунанд”, - зикр кард Амонзода.
© SputnikМужчины у центра благотворительности при мечети "Нури Ислом" ("Свет Ислама") в Худжанде
Мужчины у центра благотворительности при мечети Нури Ислом (Свет Ислама) в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Мужчины у центра благотворительности при мечети "Нури Ислом" ("Свет Ислама") в Худжанде
Бино ба иттилоъи Ҳасанов соли 2020, 3380 нафар ба ин марказ сару либос оварда, аз ин ҷо 8680 нафар барои худ либос гирифтаанд.  Дар умум давоми чаҳор соли фаъолият дар “Маркази хайру эҳсон” 8160 нафар хайр карда, 25 ҳазору 432 нафар барои аъзои хонаводаи худ либоси хайриявӣ гирифтаанд.
Зулфия як сокини шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳайси фаррош кор мекунад  мегуяд, ташкили ин гуна марказҳои хайриявӣ ба шароити зиндагии ӯ барин хонаводаҳои ниёзманд мусоидат мекунад.
“Ҳар боре, ки ба он марказ меравам дасти холӣ барнамегардам ва кормандонаш ҳам шароити моро дуруст дарк мекунад. Барои кӯдаконам ва гоҳе барои худам либос мегирам”, - гуфт ин сокини шаҳри Хуҷанд.

Роҳи хайр ва одамони умедбахш

Ҳоло ба ҷуз аз нуқтаҳои хайру эҳсон дар Хуҷанд чанд ташкилоти ҷамъиятии хайриявӣ фаъолият мекунанд. Барои мисол ташкилоти ҷамъиятии “Ормон” ки дар чанд мағоза ва бозорҳои Хуҷанд сандуқҳои хайриявӣ ташкил намуда, маблағи аз ин роҳ ҷамъшударо барои ҷарроҳию табобати атфоли бемор харҷ мекунад. Масъулони ин ташкилот ҷараёни харҷи маблағҳои хайриявӣ ва ҷарроҳии кӯдаконро ҷумъаи ҳар ҳафта аз тариқи шабакаи телевизиони маҳаллӣ пахш мекунанд.
© SputnikОбъявление о центре благотворительности
Объявление о центре благотворительности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Объявление о центре благотворительности
Ба ин монанд ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи меҳр” ҳам аз ҳисоби хайрияи ҷамъшудаи сокинон дар баргузории туй, таъмир, бунёди манзил ва инчунин дастрас намудани аробачаи маъюубӣ ба ниёзмандон ёрӣ мерасонад.
Муҳайё Тошматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи меҳр” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки давоми бештар аз ду соли фаъолият онҳо дар умум ба 1500 ниёзмандон кӯмаки амалӣ  расонидаанд.
“Дар ин миён онҳое, ки буданд, ки бо адами шароит туй карда натавонистаанд, ё онҳое, ки бемор буданду барои хариддории маводи тиббӣ танқисӣ мекашанд. Барои баъзе эҳтиёмандон хона пӯшидем, ҳар коре, ки имконашро дорем анҷом медиҳем”, - зикр кард Тошматова.
Хайрияҳои хусусӣ ҳам зиёд ҳастанд. Барои мисол соли 2019 ҳукумати вилояти Суғд бори нахуст озмуни соҳибкорони саховатпешаро доир намуд ва яке аз барандагони он Нурбибӣ Ҳоҷиева, зани 84-солаи дурдасттарин деҳоти ноҳияи Деваштич дониста шуд.
Ҳоҷиеваи аз зумраи бознишастагоне буд, беш аз 105 ҳазор сомонӣ муодили 10 ҳазор доллра солҳо боз ҷамъовардааш аз ҳисоби нафақа ва ҳосили заминро барои сохтани ду купрук (мост) дар роҳи душворгузари миёни деҳаҳои ноҳияи Деваштич сарф кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала