Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд

Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Ожонси “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар Тоҷикистон соли 2020 беш аз 888 тонна маҳсулоти cӯзишвории ғайристандартиро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, асосан сӯзишвории ғайристандартӣ дар нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ ошкор карда шудааст.
Цены на АЗС в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ боз боло рафт: ба 7 сомонӣ расид
Ӯ афзуд, ки масъулини “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар роҳҳои самти ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва дигар навоҳӣ санҷишҳо гузаронда, фурӯши ғайриқонунии маводи сӯхтро дар сари роҳу кӯчаҳо ошкор кардаанд.
Ба гуфтаи мақомдорони “Тоҷикстандарт”, онҳое, ки расман ба қайд гирифта шудаанду ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ камтар даст мезананд.  Зикр шуд, ки худи нозирони “Тоҷикстандарт” дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 12 ҳазору 827 литр бензину 28 ҳазору 300 литр сӯзишвории дизелӣ ошкор кардаанд, ки ба талабот ҷавобгӯй набудааст.
Мақомот мегӯянд, дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дода буд, ки феълан дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар ҷумуҳурӣ 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар кишвар ба интиқоли бензин машғуланд.
Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.
Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала