“Намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”: худкушии донишҷӯи фаъол дар Бохтар

© Sputnik / Владимир ФедоренкоСтудент
Студент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар эълон доштааст, ки соли 2020 ду донишҷӯяш худкушӣ кардаанд. Ин донишҷӯён сокинони ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ буданд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,  зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки худкушии донишҷӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад, иттилоъ додааст сомонаи Pressa.tj. 
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Дар Хатлон 33 мактабхон даст ба худкушӣ заданд
“Донишҷӯёне, ки худкушӣ кардаанд, бисёр донишҷӯёни фаъол буданд. Бо баҳои хуб таҳсил мекарданд. Худкушии донишӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад”, - гуфт номбурда.
Дар ҳамин ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар зикр намудааст, ки яке аз онҳо пеш аз худкушӣ кардан дастхате  навиштааст.
Дар ин дастхат донишҷӯ навиштааст: “Ба марги ман касе гунаҳгор нест, ҷуз худам. Ман намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”.
Бояд гуфт, ки ахиран дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуда буд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 149 ҳодисаи сӯиқасд ва худкушӣ сабт шуда аст, ки назар ба соли 2019 шаш дарсад камтар мебошад.  
Лентаи хабарҳо
0