Раҳимов гуфт, мубталои коронавирус шуд ва ду ҳафта тамрин накард

© RCC BoxingШавкат Рахимов
Шавкат Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
То набарди Шавкат Раҳимов ва Ҷозеф Диас барои унвони қаҳрамонии IBF танҳо 5 рӯз боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов ҳоло пешсафи рейтинги Федератсияи байналмилалии бокс аст ва муддатҳост, ки довталаби асосӣ барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон мебошад.
Раҳимов мегӯяд, омодагии ӯ барои набард бо Диас дар сатҳи баланд қарор дорад, ҳарчанд аввали моҳи гузашта ӯ мубталои коронавbрус шуда буд.
"Рӯзи 1 январ гирифтори коронаиврус шудам ва муддати ду ҳафта аз хона берун набаромадам. Бемориям сабук гузашт. Ин ягона нокомӣ дар омодагии ман буд", - изҳор доштаст Раҳимов дар мусоҳиба бо сомонаи RCC.
Размикори тоҷик мегӯяд, рӯзи 17 сентябр ба Лос-Анҷелес омадааст ва тақрибан панҷ моҳ аст, ки дар толори Wild Card бо Фредди Роуч, мураббии варзида машғули тамрин аст.
Мехрубон Сангинов против Куинси Лавалле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат
Раҳимов кори мураббии худро васф намуда, гуфт Фредди Роуч ниҳоят одами оромтабиат аст.
"Ҳамаи муштзанҳо ба ӯ итоат мекунанд ва фазои Wild Card хеле дӯстона аст, ҳама якдигарро дастгирӣ мекунанд, ки ин хеле хуб аст".
Омодагии муштзани мағлубнашудаи тоҷик Сангинов барои шикасти варзишкори амрикоӣ
Раҳимов бар ин бовар аст, ки дар набарди қарибулвуқӯъ ҳатман пирӯз мешавад. Ӯ мегӯяд, ин ғалаба барояш ниҳоят муҳим аст ва ҳар рӯз дар бораи ин фикр мекунад.
Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта, Шавкат муштзани Академияи ҳунарҳои размии RMK Африқои Ҷанубӣ, Азинго Фузилро мағлуб кард ва довталаби асосӣ барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала