Расулзода озими Маскав шуд: масъалаи парвозҳои мунтазам ҳал мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр РТ Кохир Расулзода
Премьер-министр РТ Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон имрӯз дар раъси ҳайати сохторҳои иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ озими пойтахти Русия шуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Маскав мизбони ҷаласаи 17 - умин Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия шуд.
Барои ҳузур пайдо кардан дар ин ҳамоиш, рӯзи 8 феврал Қоҳир Расулзода ба сифати раҳбари ҳайати сохторҳои ҳукумати ҷумҳурӣ вориди Маскав шуд.
Самолет авиакомпании S7 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Русия парвозҳоро бо ду кишвари дигар ба роҳ монд
Интизор меравад, ҳамоиши мазкур давоми ду рӯз, аз 8 то 9 феврал идома ёбад.
Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, ҳайати ин кишварро муовини сарвазир Алексей Оверчук ва ҷониби Тоҷикистонро сарвазир Коҳир Расулзода роҳбарӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, масъалаи асосии рӯзнома ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод хоҳад буд.
Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаҳое чун барқарор шудани парвозҳои мунтазам, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирвати меҳнатӣ ва инчунин бозгашти донишҷӯёни тоҷикро ба донишгоҳҳои хориҷ баррасӣ мекунанд.
Рустами Эмомалӣ ба Алексей Оверчук: иҷрои 300 созишнома беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад
Хотиррасон мекунем, ки ҷаласаи қаблии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, нимаи моҳи август дар Душанбе баргузор гардид.
Он замон Алексей Оверчук бо мақомоти давлатӣ ва шахсан бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода буд.
Лентаи хабарҳо
0