Дар Бадахшон беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи барқ баргардонда шуд

© klepoz672 / PixabayЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Қимати барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фарқ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раёсати ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ВМКБ беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи сокинон аз истифодаи неруи барқ ситонида шудааст.
Кормандони ин ниҳод дар мавриди қарздории сокинони вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, изҳор намуданд, ки раёсат дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помир Энерҷи" ин миқдор маблағро ба давлат баргардонданд.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард
Аммо бояд гуфт, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.
Илова бар ин, Бадахшон вилоятест, ки сафи бекорон дар ин минтақа аз дигар навоҳии Тоҷикистон бештар аст. Ин ба далели он ки дар Бадахшон теъдоди коргоҳҳо ангуштшумор буда, на ҳамаи сокинон имкони бо ҷойи кор таъмин шуданро доранд.
Сокинони ин вилоят борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуда буданд, ки қимати неруи барқ барои сокинони ин минтақаро бозбинӣ кунанд, зеро тавони на ҳар як хонаводаи Бадахшон ба пардохти маблағи неруи барқ мерасад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.
Таъйиноти кадрии замони "лимити барқ": роҳбарони нави тақсимоти барқ дар Суғд киҳоянд?
Дар ҳоле ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 декабр бекор шудааст, иҷрои ин тарҳ ба тозагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд. Бояд гуфт, ки ВМКБ дар 10 соли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ягона вилояте буд, ки аз ин маҳдудиятҳо дар канор буд.
Аммо, акнун дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ идома дорад ва масъулони ширкати барқи минтақа сабаби ин маҳдудиятро ҳарорати 35 дараҷа зери сифр ва коҳиши об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ном мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала