Идиев гуфт, "Тоҷикматлубот" дар арафаи ид ба мардум чӣ армуғон меорад

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевГлава "Таджикпотребсоюза" Хусайн Идиев
Глава Таджикпотребсоюза Хусайн Идиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Ҳусайн Идиев фаъолияти як солаи Раёсати Иттифоқи "Тоҷикматлубот" - ро ҷамъбаст намуда, аз нақшаҳои ниҳодаш барои соли ҷорӣ маълум дод
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Роҳбари Иттифоқи "Тоҷикматлубот" Ҳусайн Идиев имрӯз дар ҳузури хабарнигорон аз нақшаҳои ниҳоди худ барои омодагӣ ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2021
Қарори Рустам дар бораи ярмаркаҳои кишоварзӣ ва дастур ба мақомдорони пойтахт
Идиев гуфт, нахустин коре, ки анҷом медиҳанд, ин зиёд намудани ҳаҷми даромад буда, инчунин кӯшиши мекунанд, ки ба аҳолии Тоҷикистон босифат хазматрасонӣ намоянд.
Ба таъкиди Идиев, онҳо нақша доранд, то таъмиру азнавсозии бозори идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалингро то ҷашни мазкур ба анҷом расонанд.
Гузашта аз ин, то ин сана бояд дар ноҳияи Мастчоҳ бозор созанд ва ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар бозори замонавии ноҳияи Носири Хусравро анҷом диҳанд.
Ба итмом расондани сохтмони бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мӯъминобод ва сохтмони "Марказҳи савдо" - и дуошёна дар ноҳияи Восеъ, аз ҳадафҳои дигари Раёсати "Тоҷикматлубот" гуфта мешавад.
Орд 220 ва гӯшт 55 сомонӣ: дар бозори Душанбе ярмаркаи маҳсулоти арзон ташкил шуд
Ҳасайн Идиев тавзеҳ дод, ки барои амалӣ намудани ҳамаи ин корҳо тақрибан 11 миллион сомонӣ равона гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала