Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузаштан ба хазинаи аксПтицеводческое предприятие. Архивное фото
Птицеводческое предприятие. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Интизор меравад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи фабрикаи мазкур ба хориҷ содир шаванд: шартнома дар ин ҷода аллакай бо Туркия ва Ӯзбекистон баста шудааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ҷамоати Себистони Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ бунёд мешавад.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ, Мадшокир Назаров, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", корхонаи тобеъи вазорати кишоварзӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, фабрикаи мазкур аз сех иборат буда, дар ҳоли бунёдшавӣ қарор дорад.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
“Иммунитет аз COVID-19”: вазири тоҷик сабаби қимат шудани тухмро гуфт
"Интизор меравад, коргоҳи парвандапарварӣ дар арафаи таҷлили Наврӯз ё ҷашни Ваҳдат ифтитоҳ шавад", - афзуд Назаров.
Иқтидори ғунҷоиши паранда 600 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшт панҷ ҳазор тонна дар як рӯз арзёбӣ мегардад.
Мадшокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолкардаи коргоҳ асосан ба хориҷ содир хоҳад шуд, ки дар ин ҷода аллакай бо Ӯзбекистон ва Туркия шартнома баста шудааст.
Коргоҳ аз ҷониби ширкати "Мармарӣ" бунёд гардида, ҳаҷми сармоягузории онро масъулини кишоварзӣ "махфӣ" гуфтанд.
Аммо, қайд кард, раиси "Саноати парандапарварии Тоҷикистон", фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара бузургтарин коргоҳ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала