Бонувон барои Ҷоми раиси Душанбе қувваозмоӣ мекунанд: 104 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд

© Sputnik / Павел ЛисицынВолейбол, архивное фото
Волейбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки миёни бонувони вазорату идораҳо барои гирифтани Ҷоми раиси шаҳри Душанбе озмуни волейбол гузаронда шавад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида Рӯзи Модар гузаронда шавад.
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2021
Наврасони Тоҷикистон баъди голборони се ҳариф “Ҷоми рушд-2021”-ро гирифтанд - навор
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт барои хароҷоти марбути озмун 104 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Масъулини пойтахт дастур гирифтаанд, ки барои ҷалби дастаҳои вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва инчунин дастаҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Рустами Эмомалӣ ба раёсатҳои умури дохилӣ ва амнияти милллӣ, инчунин хадамоти тандурустию оташнишонӣ супориш додааст, ки дар ҷараёни озмун тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намоянд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0