Хоҷазода: 57%-и оилаҳои ниёзманд замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевГлава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол ба 57 дарсади оилаҳои ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Орифзода, соли 2020-ум 11 ҳазору 798 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 10 ҳазору 449 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Сабукӣ: вазир гуфт, кишоварзон имсол беш аз 256 миллион сомониро сарфа мекунанд
Манбаъ таъкид кард, ки ашхоси гунаҳкор ба маблағи беш аз 5 миллиону 128 ҳазор ссомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
"Соли сипаришуда 2058 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Аз ин 952 гектар, аз  ҷумла обӣ - 744 гектар ба намуди замини корам гузаронида шуда, дар 1106 гектар, аз ҷумла 651 гектар замини обӣ боғу токзори нав бунёд гардид", - хабар дод нашрияи "Садои мардум" аз қавли Хоҷазода.
Раиси Кумита афзудааст, ки бо Қарори Ҳукумат солҳои 2009-2020 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 30 ҳазору 933,63 гектар замин ҷудо гардидааст. Илова гардид, ки то январи соли 2021-ум 22 ҳазору 6,81 гектар ба 236 ҳазору 746 эҳтиёҷманд тақсим карда шуд, ки 57 дарсади оилаҳои ниёзмандро ташкил медиҳанд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 42885 ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 4954 хоҷагии деҳқонӣ, 194 хоҷагии иловагии ёрирасон, 32012 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 590 дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 5135 қитъаи замини зери сохт­мон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала