Дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 14 корхона аз фаъолият бозмонд

© Sputnik Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки шаҳр барои саноатикунонии босуръат чораҳои амалӣ меандешад ва барои тақвияти иқтидори ин соҳа, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 165 адад расида шуд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Корхонаҳои саноатии Хуҷанд дар соли 2020 ба маблағи 1 млрд 492 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - 197 млн. сомонӣ ё 15,2 дар сад зиёд будааст.
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2020
Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд
Ахиран зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки соли гузашта дар соҳаи саноат 17 корхонаи нави хурду миёна таъсис ёфт.
Вай таъкид дошт, ки шумори умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба 165 адад расонида шуд.
Дар Суғд корхонаи коргарди ғалла ифтитоҳ мешавад
Дар ҳамин ҳол, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки дар баробари роҳандозии корхонаҳои нав соли гузашта бо сабабҳои объективӣ 14 корхона кор накардааст
“Мо аз ҳисоби мутахассисон гурӯҳи корӣ ташкил кардем, то ки сабабҳои аз фаъолият бозмондани онҳоро ошкор ва таҳлил намуда, имсол ин мушкилот бартараф ва фаъолияташон барқарор карда шавад”, - Фирдавс Шарифзода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар соли равон қарор аст боз 14 корхонаи нави истеҳсолӣ дар Хуҷанд бунёд гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала