Собиқ роҳбари "Агроинвестбонк" боздошт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти собиқ роҳбари Маркази хизматрасонии бонкии рақами 2 - и "Агроинвестбонк" хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Собиқ роҳбари 48 - солаи филиали "Агроинвестбонк" боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда сокини шаҳри Ҳисор буда, ба ҳайси сардори МХБ №2 ҶСК "Агроинвестбонк", дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт кор мекард.
Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс
"Замони дар вазифа буданаш, ӯ бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ амал намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, собиқ роҳбари филиали "Агроинвестбонк" рӯзи 14 июни соли 2013 бо зани 60 - солаи сокини ноҳияи Варзоб ғайриқонунӣ шартномаи ипотека ба маблағи 65 ҳазор доллари амрикоӣ баста, минбаъд онҳо маблағи бо тариқи кредит гирифташударо ғайримақсаднок барои тиҷораташон сарф намудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дирӯз мансабдор - фардо дузд: пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноии кормандони давлатӣ
Бояд гуфт, ки моддаи мазкур маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 2 сол ва ё маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян барои панҷ солро дарбар мегирад.
Ҳамчунин бар асоси ин модда, ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала