Амонзода ҷузъиёти суҳбати дусоатаи худ бо Казаковаро гуфт: пешниҳодамонро пазируфтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр труда и занятости Ширин Амонзода
Министр труда и занятости Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Ширин Амонзода вазири меҳнати Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот бо сардори Сарраёсати ВКД Русия оид ба муҳоҷират Валентина Казакова барои яксон кардани омори муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар суҳбат бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират Валенттина Казакова, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии омори муҳоҷирон қабул шуд.
Гап сари ин, ки то кунун Федератсияи Русия теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро беш аз 1 миллион шумурдаву, Тоҷикистон ин оморро беш аз 400 ҳазор медонад.
"Рақамҳо тафовут доранд, шуморае, ки ҷониби Русия исрор дорад - 1 миллион ё 800 ҳазор, аз Тоҷикистон - 400 ҳазор, ба ин далел аст, ки ҳангоми сафар ҷониби Тоҷикистон муҳоҷири меҳнатӣ гуфта, нафареро дар назар дорад, ки қувваи корӣ аст ва барои кор ба Русия меравад", - шарҳ дод Амонзода.
Ба таъкиди вазир, вале оморе, ки ҷониби Руси пешниҳод мекунад, азъоёни оилаи муҳоҷирон ва кӯдакони ноболиғи онҳоро низ дар бар мегирад.
Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор: аз изҳороти Песков то дархости Ҳукумати Маскав
Ба қавли вазир, яке аз мушкилот ва мавзуъи асосии суҳбати дусоатаи ӯ бо ҷониби Русия низ, ҳамоҳангсозии омори ягона миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ буд, ки аз ҷониби ҳамтоёни рус пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала